Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин бо ширкати беш аз 3800 варзишгар аз 204 кишвар ҷараён дорад.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.

Мунтахаби Русия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Маҷористон бо 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо низ Чин бо 10 нишон пешсаф мебошад.

Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 18-уми август – аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинг ду варзишгари навраси тоҷик дар намудҳои дзюдо ва тирандозӣ рақобат карданд.

Фаррухи Салим, паҳлавони тоҷик, дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан вай дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд. Вале Фаррух дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард.

Дар ин вазн ҳамагӣ 21 варзишгар ширкат дошт. Михаил Иголникови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тамази Киракозашвили аз Гурҷистон ғолиб омад, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид. Франк Де Вит аз Ҳолланд ва Иван Силва Моралес аз Куба ҷойҳои севумро гирифтанд.

Рӯзи душанбе варзишгари дигари тоҷик Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр 60 тир холӣ кард ва 521 имтиёз ба даст овард. Вале ин натиҷа ба ӯ имкон надод, ки ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Носир Бозоров, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, субҳи 19-уми август аз Нанҷинг хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ - дохиланд.

Боз 6 нафари дигар - Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатуллоҳ Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ дар Олимпиадаи Нанҷинг шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.

20-уми август. Меҳрангез Назарова - давидан ба масофаи 3000 метр.

21-уми август. Карина Климик - шиноварӣ.

22-юми август. Аниса Замирова - камонварӣ.

25-уми август. Равзатулло Исоев - гуштии юнониву румӣ, - 42 кг.

25-уми август. Тоҳирҷон Охонов - гуштии юнониву румӣ, - 85 кг.

27-уми август. Фирӯз Ёқубов - гуштии озод, - 100 кг.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG