Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Обдонон 250 нафар маҷрӯҳ шудаанд


Заминларза дар шаҳри Обдонони Эрон, воқеъ дар марз бо Ироқ, қурбоние ба думбол надошт ва аммо дар он дасти кам 250 маҷрӯҳ шудааст. Аҳмад Карамӣ, масъули хадамоти изтирории вилояти Илам, рӯзи душанбе гуфт, ки бар асари офати табиӣ биноҳои зиёде валангор ё қисман тахриб шудаанд.

Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларзаи нерӯяш 6.3 дараҷаи Рихтер, ки субҳи рӯзи душанбе рӯй дод, дар 36 километрии шаҳри Обдонон воқеъ буд. Ларзиши замин дар вилоятҳои ҳамсояи Обдонон ҳам эҳсос шуд.

Эрон дар минтақаи заминларза ҷойгир шудааст ва аз ин рӯ ҳодисаҳои заминҷунбӣ дар кишвар зиёд рӯй медиҳанд. Мудҳиштарин заминҷунбӣ дар қарни 21 дар Эрон моҳи декабри соли 2003 ба вуқӯъ пайваста буд – он вақт дар ин офати табиӣ дар шаҳри бостонии Бам 26 ҳазор нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG