Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: "Афғонистон ба сарнавишти Ироқ дучор нахоҳад шуд"


Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.
Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки қобилият ва тавоноии баланди нерӯҳои афғон намоёнгари тафовути ошкор ва барҷаста миёни вазъияти Афғонистон ва Ироқ аст.

Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи ин вазорати рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, шароити Афғонистон бо Ироқ фарқ дорад. Оқои Мустағнӣ гуфт, ҳукумати Афғонистон бовар дорад, ки бо дарназардоти ҳамин тавоноиҳои нерӯҳои афғон, ин кишвар пас аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ, ба сарнавишти Ироқ рӯбарӯ нахоҳад шуд: "Бо дарназар доштани дастовардҳои нерӯҳои амниятии афғон дар гузашта ва шоҳкорҳои бузурги онҳо, мо ба итминон гуфта метавонем, ки шароити Афғонистон бо Ироқ фарқ дорад ва давлати Афғонистон мутмаин аст ки кишвар ба сарнавишти монанд ба Ироқ дучор нахоҳад шуд."

Таҳаввулоти ахири сиёсӣ ва амниятӣ дар Ироқ нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки мумкин Афғонистон низ бо хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар, бо сарнавишти монанд рӯбарӯ хоҳад шуд. Нигарониҳо дар мавриди шабоҳати вазъи Ироқ ва Афғонистон пас аз он афзоиш ёфтааст, ки гурӯҳи мусаллаҳи ДОИШ ё Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом, чанд шаҳрро ба тасарруф дароварданд ва ба сӯи Бағдод дар ҳаракат мебошанд.

Чанде қабл раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама эълон карда буд, ки то поёни соли 2016 тақрибан тамоми нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон хориҷ мекунад. Аммо бархе аз таҳлилгарони сиёсии афғон мегӯянд, барои ҳифзи миқдори нерӯҳои афғон, ҳадди ақал барои як даҳаи дигар, ба ҳимояти давомдори техникӣ, таълиму тарбия, кӯмакҳои молӣ ва ҳузур дар фаъолиятҳои низомии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз аст.

Ҷовид Кӯҳистонӣ, таҳлилгари афғон мегӯяд, бидуни ҳимояти давомдори ҷомеаи байналмилалӣ мушкил хоҳад буд, то нерӯҳои амниятии афғон ба танҳоӣ амниятро таъмин карда ва дар баробари мухолифони мусаллаҳи дохилӣ, покистонӣ ва шабакаи Ал-Қоида мубориза кунанд. Ба гуфтаи вай, агар нерӯҳои амниятии афғон бидуни ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияташон идома диҳанд, сатҳи талафот боло меравад, фирор аз сафҳои артиши миллӣ афзоиш меёбад ва дар натиҷа бо гузашти замон нерӯҳои амниятии афғон заиф мешаванд ва терроризм дар ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт:

"Мо дар баробари як ҷанги эълом ношуда бо Покистон қарор дорем. Бинобар ҳамин агар баҳс фақат дар бораи мубориза бо шӯришгарӣ ва Толибони мусаллаҳи афғон бошад, мумкин аст нерӯҳои амниятии афғон ин тавоноӣ ва зарфиятро доранд ва дошта бошанд, ки ба он посух бидиҳанд. Аммо дар маҷмӯъ, нерӯҳои афғон бо ҳамлаҳои шабакаҳои бештари хориҷӣ даргир ҳастанд ва дар чунин як ҳолате бидуни ҳимояти давомдори нерӯҳои байналмилал мушкил хоҳад буд, ки битавон аз амнияти мардуми Афғонистон посдорӣ кард. Бидуни ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳақиқат афғонҳоро ба кушторгоҳ мефиристем."

Оқои Кӯҳистонӣ афзуд, камбуди таҷҳизоти низомӣ, нерӯҳои муназзами ҳавоӣ, нерӯҳои мушакӣ, набуди системаи ҳифозати ҳавоӣ монеи он мегардад, ки ҳукумати Афғонистон бо террористон посухи лозим бидиҳад.

Нигарониҳо дар бораи эҳтимоли мубаддал шудани Афғонистон бо сарнавишти Ироқ дар ҳоле матраҳ шудааст, ки чанд сол қабл ҳукумати Ироқ мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятӣ бо Амрикоро имзо накард ва дар аксуламали он, нерӯҳои амрикоӣ аз он кишвар хориҷ шуданд. Акнун вазъияти амниятӣ дар Ироқ ба ҳадде тира шудааст, ки Амрико шуморе аз низомиёнашро барои ҳифозат аз шаҳрвандонаш ва мардуми Ироқ, ба он кишвар фиристодааст.

Ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз такрори он чӣ дар Ироқ мегузарад, мақомоти амрикоӣ ва НАТО ба имзои созишноми амниятӣ ва дифоӣ миёни Амрико ва Афғонистон таъкид мекунанд. Бархе аз коршиносон ибрози нигаронӣ кардаанд, ки бо хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ, ба вижа Амрико аз Афғонистон, ин кишвар низ бо сарнавишти Ироқ рӯбарӯ шавад.

XS
SM
MD
LG