Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз афроди дорои 2 шаҳрвандӣ, маълумотнома талаб кард


Хадамоти муҳоҷирати Русия қабули маълумотномаҳо аз афродеро, ки ду шаҳрвандӣ доранд, оғоз кардааст. Дар зарфи 60 рӯз он шаҳрвандони Русия, ки ду шаҳрвандӣ ё ҳаққи иқомат дар кишварҳои дигар доранд, бояд Хадамоти муҳоҷироти он ин кишварро дар ҷараён бигузоранд. Имрӯз Хадамоти муҳоҷирати Русия қабули маълумотнома аз шаҳрвандониро оғоз кардааст. Доштани шаҳрвандии ғайри Русия мамнуъ намебошад, аммо агар дар ин бора Хадамоти муҳоҷиратро дар ҷараён нагузоранд, муҷозот дорад ва ё ин, ки огоҳона пинҳон доштани шаҳрвандии дувум маҳсуб мешавад.

Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи шаҳрвандӣ аз тарафи Думаи давлатии Русия дар авохири моҳи май ба тасвиб расид ва 4 август ба қуваи амал даромад. Ба таври фаврӣ муқаррар кардани давраи пешниҳоди маълумотномаҳо дар мавриди шаҳрвандии дувум ё ҳаққи иқомат дар кишвари дигар аз тарафи ҳукумати Русия ҷанби сиёсӣ доштааст. Ин тарҳ ё пешниҳод дар мулоқоти президенти Путин бо аъзои палатаи Шӯрои Федератасия дар таърихи 27 март, дар рӯзҳое, ки Кремл ба қонунигардонии ишғоли Қрим омодагӣ мегирифт, матраҳ шуд.

Дар пешниҳодҳо гуфта шудааст, аз он сабаб, ки созмонҳои ғайри давлатӣ нақши оҷонсиҳои хориҷиро мебозанд, зарур аст ба чанд мавриди қонунгузорӣ оид ба шаҳрвандӣ дар Русия таваҷҷӯҳ кард. Ба вижа ба ҳолатҳое, ки шаҳрвандони Русия ҳамзамон шаҳрванди дигар кишвар мебошанд. Андрей Клишас, раиси кумитаи Шӯрои федератсияи Русия ҳамчун мутахассис оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар мавриди танзими шаҳрвандӣ дар кишварҳо зикр кардааст, ки ба унвони намуна дар Бритониё, Амрико ва Австралия барои эҳтироми шаҳрвандӣ, қасам мехӯранд. Клишас пешниҳод мекунад, ки ба зудтарин фурсат меъри қонунӣ қабул кард, ки ба Русия ҳаққ дода шавад, барои дарёфти маълумотнома аз шаҳрванде, ки паспорти кишвари дигарро дорад, маълумотнома талаб намояд. Дар сурати пинҳон доштани шаҳрвандии хориҷӣ, ҷавобгарии қонуние, ки чандон сангин набошад, вале шаҳрвандро дар мавриди пешниҳоди маълумотнома масъул қарор диҳад, дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG