Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик гурӯҳеро бо садҳо дона қурс (таблетка) -- маводи мухаддири синтентикӣ боздошт кардаанд.

Кормандони Оҷонсии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вижа фаъолияти гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро, ки бо интиқоли маводи мухаддири синтентикии машғул буданд, ошкор карданд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони гурӯҳи зудамал ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ҳабс карданд, ки аз онҳо як ҳазору нӯҳсаду сӣ дона ҳабҳои синтетикии сахттаъсири мухаддир мусодира карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир Оҷонсии барои боздошти аъзои дигари ин гурӯҳ бо афроди боздоштшуда тафтишот пеш бурда истодааст. Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки онҳо ҳабҳо ё худ қурсҳои сахттаъсирро ба дискотекаҳо ва марказҳои дилхушӣ бурда, ба ҷавонон мефурӯхтаанд

Тавре Оҷонсии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, нархи як таблеткаи синтетикии рангаш сабз ба 25- 30 доллар баробар будааст.

Муфаттишони Оҷонсии алайҳи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ, аз овардани номи онҳо худдорӣ мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи афроди ин гурӯҳ бо моддаи 200 қисми 4 (қочоқи маводи мухаддир) парванда боз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG