Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷулиан Ассанҷ сафорати Эквадор дар Лондонро тарк мекунад


Ҷулиан Ассанҷ (акс аз бойгонӣ)

Ҷулиан Ассанҷ (акс аз бойгонӣ)

Ҷулиан Ассанҷ, поягузори торнамои Wikileaks, рӯзи 18 август дар як нишасти хабарӣ эълом дошт, ки ба зудӣ сафорати Эквадор дар Лондонро тарк мекунад. Аммо ӯ аз ифшои итилои бештар дар ин бора худдорӣ намуд.

Ҷулиан Ассанҷ аз моҳи июни соли 2012 дар сафорати Эквадор дар Лондон панаҳ бурдааст ва баробари хурӯҷ аз бинои сафорат дастгир хоҳад шуд.

Ассанҷ аз Эквадор барои он паноҳгоҳ хостааст, ки ӯро ба Шветсия истирдод накунанд – дар ин кишвар муассиси WikiLeaks дар хушунати ҷинсӣ айбдор мешавад. Ҷулиан Ассанҷ таъқиби додгоҳии худро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад ва аз он ҳарос дорад, ки Стокҳолм ӯро ба мақомоти ИМА месупорад. Соли 2010 сомонаи WikiLeaks ба нашри асноди марҳамонаи вазорати умури хориҷии ИМА шурӯъ кард ва дар Амрико ба ӯ барои ифшои иттилои сиррӣ ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Дар нишасти хабарии рӯзи 18 август Ассанҷ гуфт, ки гуноҳаш дар додгоҳҳои Бритониё ва Шветсия собит нашудааст. Ӯ афзуд, Аврупо минтақаест, ки бояд он ҷо қонун ва ҳуқуқи башар авлавият дошта бошанд.

Ҷулиан Ассанҷ изҳор намуд, ки солҳои ахир созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари Бритониё ва ИМА аз ӯ пуштибонӣ кардаанд. Созмони Human Rights Watch, аз ҷумла, чандин бор аз ИМА хост, ки ба таъқиби муассиси WikiLeaks даст бардорад.

XS
SM
MD
LG