Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ ва ярч боиси ҳалокати сад сокини Непал шуданд


Бар асари обхезӣ ва ярч дар Непал тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора рӯзи 18 август вазорати умури дохилии кишвар хабар дод. Беш аз сад нафари дигар то ҳол беному нишонанд, ҳазорҳо нафар барои тарки манзилҳои худ маҷбур шуданд.

Дар амалиёти наҷотбахшӣ чаҳор чархбол ва 2 ҳазор нафар ширкат доранд. Мақомоти Непал мегӯянд, ки гурӯҳҳои наҷотбахшӣ алҳол барои ба манотиқи амн интиқол додани осебдидидагон ва ироаи маводи озуқа ба мавзеъҳои офатзада талош доранд.

Ҳамзамон вазорати ҳифзи сиҳати кишвар аз хатари афзоиши маризиҳои вогир бар асари ифлосшавии об бонги изтироҳ задааст.

XS
SM
MD
LG