Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Фергюсон Горди миллӣ мустақар мешавад


Волии аёлати Миссурии ИМА рӯзи 18 август дастур дод, ки дар шаҳри Фергюсон, воқеъ дар канори Сент-Луиса, Горди миллӣ мустақар шавад. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз эътирозҳо ва бенизомиҳо баъди аз сӯи як корманди полиси сафедпӯст кушта шудани ҷавони сиёҳпӯст Майкл Браун идома доранд.

Ҷей Никсон, волии Миссурӣ, изҳор намуд, ки дастури ӯ барои дар Фергюсон мустақаршавии Горди миллӣ ба хотири таъмини сулҳу низом дар ин шаҳр аст.

Шоми якшанбе кормандони полис алайҳи тазоҳургарон, ки бо вуҷуди қуюди шабгардӣ эътирозҳоро идома медоданд, аз гази ашковар истифода бурданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, як нафар кушта шуд, полис ҳафт нафарро боздошт кард.

Майкл Браун рӯзи 9 август ҳадафи тир қарор гирифт. Кормандони полис мегӯянд, ки ӯ ҳангоми муқовимат кушта шудааст. Аммо, ба гуфтаи шоҳидон, ҷавони сиёҳпӯст дар ҳоле кушта шуд, ки дастҳояшро боло бардошта ва омодаи таслим шудан буд. Колбадшикофӣ собит кард, ки Браун шаш тир, аз ҷумла, ба сараш ду тир хӯрдааст.

XS
SM
MD
LG