Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи низомӣ хостори ҷазои одилона ба омилони марги Мақсуд Носиров шуд


Созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» рӯзи 18 август бо пахши як баёнияи матбуотӣ аз лағви ҳукми додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд аз тарафи Додгоҳи олии низомӣ дар мавриди марги фоҷиавии Мақсуд Носирови 21-сола, ки 27 январи соли ҷорӣ дар қисми низоми 2758 воқеъ дар ноҳияи Спитамен, бар асари латту куби куҳнасарбозон ба ҳалокат расида буд, хабар дод.

«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар ин баёния мегӯяд, дубора ба баррасӣ ирсол шудани парвандаи марги сарбоз Мақсуд Носиров, ки аз тарафи куҳнасарбозон мавриди латту куб қарор гирифта ба ҳалокат расид, як амали одилона мебошад. Зеро ба назари созмони мазкур, Додгоҳи низомии Хуҷанд 8 май куҳнасарбозон Юнусов, Шарифзода, Нуров ва Шеровро аз 5 то 7,5 сол тибқи моддаҳои 372 ҷисми 2 (вайрон намудани тартиби устави низомӣ) аз озодӣ маҳрум кард, ки ин дар нисбати бадрафторие, ки онҳо дар нисбати Носиров кардаанд беадолатона будааст. Додгоҳи олии низомӣ бо ирсоли дубораи парвандаи мазкур тақозо кардааст, ки ба гунаҳкорон ҷазои сазовор дода шавад.

Марги Мақсуд Носирови 21-сола, 27 январи соли ҷорӣ дар қисми низомии 2758 воқеъ дар ноҳияи Спитамен, ба ҳангоме рух додааст, ки куҳнасарбозон ӯ ва чанд ҳамхидматашро латукӯб кардаанд. Пас аз зарбаҳои сахте ба гулӯ ва зери шикамаш, Мақсуд ба замин афтод, аз ҳуш рафт ва бо ҳамин дигар ба худ наомад. Бо кӯшишҳои зиёд нисбати 4 гунаҳкори ин фоҷиа парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва ҳар яки онҳо аз 5 то 7,5 -солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

XS
SM
MD
LG