Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Нанҷинги Чин 16-уми август шурӯъ шуданд, то 28-уми август идома хоҳанд кард.

Дар шаҳри Нанҷинги Чин Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон шурӯъ шуд. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Олимпиада, ки рӯзи 16-уми август дар Варзишгоҳи марказии Нанҷинг баргузор шуд, Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳоро кушода эълон кард. Парчами давлатии Чин барафрохта шуд.

Баъдан дар ин маросим Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, суханронӣ карда, ширкаткунандагони Бозиҳо ва тамошогаронро бо оғози мусобиқоти ҷаҳонии варзишгарони наврас табрик гуфт. Сипас парад ё намоиши кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо барпо гардид. Аз ҳар як кишвар танҳо парчамбардорон ба майдон омаданд. Дарвоқеъ, бо Парчами миллии Тоҷикистон Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё байни наврасон дар риштаи гуштии озод, қадам мезад.

Бо тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ аъзои дастаҳои миллӣ маросимро аз минбарҳои варзишгоҳ тамошо карданд. Пас аз ин варзишгарон, мураббиён ва доварон қасам ёд карданд, ки мувофиқи усули Фэйр Плэй муборизаи босадоқат мебаранд. Баъдан дар варзишгоҳ гимни Кумитаи байналмилалии олимпӣ баланд гардид ва парчами КБО дар паҳлӯи парчами Чин барафрохта шуд.

Рӯзи авали мусобиқот – 17-уми август – аз рӯи барномаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинг нахуст духтарон оид ба триатлон рақобат карданд. Австралиягӣ Бриттани Даттон бо натиҷи 59.56 ғолиб шуд ва аввалин медали тиллои бозиҳоро ба даст овард. Стефани Дженкс (ИМА) бо натиҷаи 1:00.33 медали нуқра ва Эмили Море (Фаронса) бо натиҷаи 1:00.55 медали биринҷӣ гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ рақобат хоҳад кард.

Носир Бозоров, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи Нанҷинг шарафи Тоҷикистонро Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатуллоҳ Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни то 81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр ҳимоя мекунанд.

Ҷаноби Бозоров афзуд, имрӯз, 18-уми август, варзишгарони навраси ҷаҳон дар Олимпиадаи Нанҷинг барои 19 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг вориди рақобат шуд. Вале ӯ дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис бо усули "иппон", яъне ғалабаи соф, шикаст хӯрд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG