Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешмаргаи курдҳо дар Мавсил пешрафт кардаанд


Нируҳои Пешмаргаи курдҳо
Нируҳои Пешмаргаи курдҳо

Бино ба гузоришҳо, нируҳои Пешмаргаи курдҳо барои аз контроли нируҳои тундрави исломӣ хориҷ кардани обанбори Мавсил ба пешравиҳо ноил шудаанд. Дар ҳамин ҳол арабҳои суннӣ ва нируҳои амниятии Ироқ бар зидди гурӯҳҳои тундрав дар атрофи шаҳри Бағдод муборизаро идома медиҳанд.

Мақомоти курдӣ мегӯянд, ки нируҳои онҳо бо ёрии ҳавопаймоҳои Амрико аз ҳаво 17 август дар 30 километрии Мавсил рустоҳои Телсқов ва Рисоларо дубора ба контроли худ даровардаанд.

Курдҳо мегӯянд, пешрафти онҳо барои он ба таъхир меафтад, ки тундравҳо дар роҳҳо мина хобондаанд.

Аз сӯи дигар, дар вилояти Анбор нируҳои амниятии Ироқ бо ёрии нируҳои қабилаҳои арабҳои суннӣ пешрафт кардаанд ва маркази вилоят шаҳри Рамодиро аз тундравҳо пас гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG