Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ҳам гуфтугӯҳои телефониро гӯш мекардааст


Ҷон Керри
Ҷон Керри

Хадамоти кашфи Олмон ғайричашмдошт гуфтугӯҳои телефонии Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Ҳилларӣ Клинтон- вазири пешинро сабт кардаанд ва ҳамчунон ба гӯш додани гуфтугӯҳои телефонии намояндагони Туркия-кишвари узви НАТО идома медиҳанд. Дар ин бора маҷаллаи “Шпигел” (Der Spiegel) рӯзи шанбе мақолае ба нашр расондааст.

“Шпигел” аз номи кормандони Хадамоти кашфи Олмон (BND), ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабар додааст, ки тасодуфан гуфтугӯи Ҷон Керриро дар мавҷ пайдо кардаанд, ки соли 2013 аз Ховари Миёна занг задааст. Бад-ин минвол гуфтугӯи Ҳилларӣ Клинтонро пайдо кардаанд, ки ба вай Кофӣ Аннон-Дабири Кулли пешини СММ аз мулоқотҳояш дар Сурия дар соли 2012 гузориш медодааст.

Ба навиштаи ин маҷала, сабти ин гуфтугӯҳоро билофосила нобуд кардаанд. То ҳол дар ин бора на Берлин ва на Вошингштон тавзеҳот надодаанд.

Моҳи июли соли ҷорӣ дар Олмон як корманди давлатӣ боздошт шуд. Эҳтимол меравад, ки вай маълумоти маҳрамро ба хадамоти кашфи Амрико додааст. Баъд аз ин боздошт намояндаи Созмони марказии кашфи Амрико ё ЦРУ аз Олмон ронда шуд.

XS
SM
MD
LG