Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи ҳавоии "Кант" ҳавопаймои Су-25 мегирад


Cу-25
Cу-25

Игор Мордовкин-фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии “Кант” ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ин пойгоҳ ҳавопаймоҳои шикории Су-25 хоҳад гирифт. Халабонон ва кормандони ин пойгоҳ рӯзи шанбе 102 солагии ташкили нируҳои ҳавоии Русияро ҷашн гирифтаанд.

Мордовкин хабар дод, ки дар ин рӯзҳо машқҳои нируҳои муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қазоқистон оғоз меёбад, вале пойгоҳи онҳо дар ин машқҳо ширкат нахоҳад кард.

Ба гуфтаи Мордовкин, пойгоҳи ҳавоии Русия дар “Кант” ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дорад ва ҳозир аст дар ҳар вақти шабонарӯз вазифаи худро иҷро кунад. Ин манбаъ мегӯяд, барои гирифтани ҳавопаймоҳои нави Су-25 омодагӣ давом дорад ва халабонону бахши фаннӣ барои он омодаанд.

Ин манбаъ дар бораи шумораи ҳавопаймоҳо чизе нагуфтааст, вале афзудааст, ки барои ҳифзи сулҳ дар минтақа кифоят мекунад.

XS
SM
MD
LG