Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон дар Украина ҳавопаймои МИГ-29-ро заданд


Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина як ҳавопаймои ҷангии МИГ-29-и артиши Украинаро задаанд. Ҳавопайморо ҳангоме задаанд, ки 17 август дар минтақаи Луҳанск ба ҷудоихоҳон ҳамла кардааст.

Мақомот мегӯянд, ки халабон аз ҳавопаймо паридааст ва нируҳои Украина вайро наҷот додаанд. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар дода намешавад.

Аз сӯи дигар корвони ёриҳои Русия барои шарқи Украина дар марз бо Украина мунтазир аст, то масъалаи убур аз марз ва гусели он рӯшан шавад.

17 август Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх гуфт, ки намояндагони онҳо ба маҳали корвон расидаанд ва то ҳол мунтазиранд, ки тафтишро ба таври расмӣ оғоз намоянд.

Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх пештар гуфта буд, ки Русияву Украина ба тавофуқ расидаанд, ки чӣ тавр корвон бояд вориди хоки Украина шавад.

XS
SM
MD
LG