Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон дар ҳодисаи нақлиётӣ 33 нафар кушта шуданд


Дар вилояти Бодғиси Афғонистон як мошини борбар ба садама дучор шудааст ва дар ин ҳодиса 33 нафар кушта, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин ҳодиса дар вулусволии Оби Камар шоми 16 август рух додааст.

Мирвайс Мирзоквол-сухангӯи волии вилоят гуфт, дар ин мошин одамон ва ҳайвоноти хонагиро бор карда будаанд ва мошин аз роҳи кӯҳистонӣ ҳаракат мекардааст. Дар миёни кушташудагон занону кудакон низ будаанд.

Чунин ҳодисаҳо дар Афғонистон падидаи маъмулист, чун роҳҳо ҳамвор нестанд ва ронандаҳо мошинҳои худро хуб таъмир намекунанд.

XS
SM
MD
LG