Пайвандҳои дастрасӣ

Тундравҳои исломӣ 80 язидиро ба қатл расондаанд


People's

People's

Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки тундравҳои Давлати исломии Ироқ ва Шом тақрибан 80 нафарро ба қатл расондаанд, ки аксарияти онҳо аз ақалиятҳои язидӣ мебошанд.

Ба язидиҳо дар рустои Кочо дар вилояти Ненива ҳамла шудааст ва тундравҳо дар ин минтақа масоҳати зиёдро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Маҳма Халӣ-ҳуқуқдони яхидӣ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки тундравҳо 15 август ба ин русто ҳамла бурдаанд. Ҳалгур Ҳикмат-сухангӯи нируҳои амниятии курдҳо гуфт, ки тундравҳо занону кӯдаконро боздошт кардаанд. Эҳтимол меравад, ки онҳоро зиндонӣ карда бошанд.

Ҳушёр Зеборӣ-вазири пешини хориҷаи Ироқ ва яке аз раҳбарони номдори курд ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, кушташудагон язидиҳое будаанд, ки фирор накардаанд. Зеборӣ ин ҳамларо қатли ом арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG