Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозии мухолифон дар Исломобод идома дорад


Имрон Хон-сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Покистон мегӯяд, ки раҳбарии эътирози ҳазорон нафарро дар Исломобод то даме идома хоҳад дод, ки Навоз Шариф аз мақоми нахуствазири истеъфо диҳад.

Вай баъд аз сафараш аз Лоҳур зимни суханони худ дар Исломобод 16 август гуфт, ки то дами истеъфои Навооз Шариф ба нишасти эътирозӣ идома медиҳад.

Имрон Хон-қаҳрамони пешини крикет иддао мекунад, ки дар интихоботи моҳи маи соли 2013 Навоз Шариф дар натиҷаи тақаллуб пируз шудааст.

15 август дар шаҳри Гуҷранвала дар шарқи кишвар ҳангоме, ки ҳазорон нафар эътирозгарон ба раҳбарии Имрон Хон ба сӯи Исломобод ҳаракат мекарданд, задухурд ба амал омад. Мақомоти ҳизби Таҳрики Инсоф, ки ба он Имрон Хон раҳбарӣ мекунад, мегӯянд, ки ба сӯи корвони онҳо оташ кушодаанд. Вале ин иддаоро пулис инкор мекунад.

Корвони дуввуми эътирозгарон ба раҳбарии Тоҳир Қадрӣ-рӯҳонии мухолиф низ ба сӯи Исломобод роҳ пеш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG