Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Амрико аз Русия дар бораи Украина


Амрико аз Русия тақозо кардааст, ки талошҳои, ба гуфтаи худаш, “хеле хатарнок ва таҳрикомез”-ро барои барҳам задани оромӣ дар Украина хотима диҳад. Хонум Кейтлин Ҳейден-сухангӯи Кохи Сафед 15 август дар эъломияе ба Маскав ҳушдор дод, ки мудохила ба умури Украина бидуни иҷозаи Киев ғайриқобили қабул аст.

Ҳейден гуфт, ҳафтаҳои охир дар шарқи Украина талошҳои Русия барои ноором кардани вазъ мушоҳида шудааст. Кохи Сафед мегӯяд, ки наметавонад гузоришҳоро дар бораи тахриби зиреҳпӯшҳои корвони Русия аз тарафи Украина дар шоми 14 август таъйид кунад.

Дар эъломия омадааст: “Бо вуҷуди ин ки мо маълумот ҷамъоварӣ мекунем, мо нигаронии худро аз таҷовузи Русия ва ҷонибдорони Русия ба хоки Украина изҳор медорем. Дар эъломия омадааст, ки Русия ҳақ надорад ба хоки Украина мошинҳои низомӣ, одам ва ҳар гуна бор бифиристад, агар барои ин кор ҳукумати Укураина иҷоза надиҳад.

XS
SM
MD
LG