Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як сокини Душанбе ба гумони узвият дар гурӯҳи салафия


Мақомоти тоҷик мегӯянд, як сокинин шаҳри Душанберо ба гумони даъват барои бо роҳи ғайриқонунӣ сарнагун кардани сохти коститутсионӣ боздошт кардаанд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 август кормандони ин ниҳод Ғозиев Ҳумайниро боздошт кардаанд, ки соли 2009 таълимоти равияи салафияро омӯхтааст ва аз замон то ба ҳол ҳамчун аъзои ин гурӯҳ ба таблиғи ин ақида машғул буда ва чанди ҷавони дигарро ба ин равия моил кардааст. Мақомот мегӯяд, ки ҳамакнун дар нисбати Ғозиев Ҳумайнӣ парванда боз намуда ва тафтишот идома дорад. Гурӯҳи салафия аз чанд сол ба ин тараф дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда ва чандин тан ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ ба зиндонҳо андохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG