Пайвандҳои дастрасӣ

Мусаллаҳон мардону наврасони як рустои Нигерияро рабуданд


Дар Нигерия афроди мусаллаҳи ношинос даҳҳо мардону наврасони як маҳаллаи соҳили кӯли Чад, воқеъ дар шимолу шарқи кишварро, бо худ бурданд.

Ин ҳодиса охири ҳафтаи гузашта рӯй дода буд ва аммо дар бораи он мақомот фақат рӯзи ҷумъа хабар доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, гурӯҳи ҳамлагар мардону наврасонро иҷборан ба мошинҳои боркаш савор карданд ва акнун дар ин ҷо фақат занону духтарон ва кӯдакон мондаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳамлагарон дар тан либоси низомӣ ва кормандони полисро доштанд ва чанд хонаро оташ заданд.

Чаҳор моҳ пеш гурӯҳи “Боко Ҳаром”, ки дар Нигерия давлати исломӣ ташкил кардан мехоҳад, беш аз 200 духтари толибилмро рабуд. Сарнавишти онҳо то ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG