Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев хабари вуруди зиреҳпӯшҳои русӣ ба Украинаро таъид кард


Мақомоти Украина хабари аз минтақаи Изварино вориди қаламрави кишвар шудани зиреҳпӯшҳову мошинҳои низомии Русияро таъид карданд.

Ситоди амалиёти зиддитеррористӣ дар шарқи Украина рӯзи ҷумъа, 15 август, эълом дошт, ки аз убури зиреҳпӯшҳо хадамоти кашф хабар доданд. Ба иттилои хадамоти кашф, дар корвон зиреҳпӯшу мошинҳо зиёд набуданд ва аммо онҳо рақамҳо ва нишонҳои хоси русӣ доштанд.

Аз ин пеш нашрияҳои бритониёвии "Гардиан" ва "Телеграф" дар бораи вуруди корвони зиреҳпӯшҳои русӣ ба қаламрави Украина хабар дода буданд.

Раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи ҷумъа ин хабарҳоро рад кард. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки бино ба тирборон шудани қаламрави Русия аз ҷониби Украина гурӯҳҳои махсус таъсис шудаанд, ки ҳангоми дарёфти иттилоъ дар бораи тирандозӣ ба хотири дифоъ аз шаҳрвандони кишвар фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода мешаванд. Аммо ин гурӯҳҳо, омадааст дар изҳорот, фақат дар қаламрави Русия амал мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба пояи хабарҳо аз шарқи Украина, задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шаҳрҳои Донетск, Луҳанск, Горловка, Первомайск, Шахтерск, Торез, Попасная, Красный Луч ва Иловайск идома доранд.

XS
SM
MD
LG