Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон аз ҳамлае дар Исломобод ҷон ба саломат бурд


Имрон Хон
Имрон Хон

Мошини яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати Покистон Имрон Хон дар шаҳри Исломобод мавриди тирборон қарор гирифт. Сухангӯи Имрон Хон ба хабаргузории Reuters гуфт, ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки сиёсатмадори маъруф ба раҳпаймоии зиддиҳукуматии ҷонибдоронаш раҳбарӣ мекард. Гуфта мешавад, ки баъдан издиҳом мошини Имрон Хонро сангборон кард. Дар ин ҳамлаҳо Имрон Хон осеб надидааст.

Имрон Хон, собиқ бозигари маъруфи крикет, ҳамроҳ бо рӯҳонии маъруф Тоҳир ул-Қадрӣ раҳпаймоии ҷонибдорони мухолифин аз шаҳри Лоҳур ба Исломободро сарварӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки то рӯзи истеъфои нахуствазир Навоз Шариф дар пойтахт хоҳанд монд. Мухолифин ҳукумати Покистонро дар фасод ва тақаллуби натиҷаҳои интихобот, ки дар он Навоз Шариф пирӯз шудааст, айбдор мекунанд.

Дар Исломобод аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шуданд - ҳазорон низомиён барои таъмини тартибот дар пойтахт ба полис ва нерӯҳои амниятӣ пайвастанд.

XS
SM
MD
LG