Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ғолиби гурӯҳ шуд


Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Тромсои Норвегия бо пирӯзии шатранҷбозони Чин (мардон) ва Русия (занон) рӯзи 14-уми август ба анҷом расид.

Дар сабқати мардон дастаи Тоҷикистон дар мақоми 56-ум қарор гирифт. Мунтахаби Чин ғолиби сабқати мардон шуд. Маҷористон ҷойи дувум ва Ҳиндустон ҷойи севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон дастаи Тоҷикистон ҷойи 50-умро касб кард. Русия ҷойи аввал, Чин ҷойи дувум ва Украина ҷойи севумро азони худ карданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Рашид Ҳусейнов, мудири мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, рӯзи 15-уми август хабар дод. Вай афзуд, “дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мардонаи Тоҷикистон гроссмейстер Фаррух Амонатов, устодони байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Ҷамшед Исоев, Сӯҳроб Ҳамдамов, инчунин шатранҷбози ҷавон Амин Қобилов ва ба ҳайати дастаи занонаи кишвар Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутрибаи Илҳом, Саодат Одинаева ва Лидия Антонова дохил буданд. Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи D мақоми аввалро соҳиб шуд.”

Ба гуфтаи Рашид Ҳусейнов шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов, ки аз 11 холи имконпазир 9,5 имтиёз ба даст овард, дар байни ҳамаи мардони ширкаткунандаи мусобиқот аз рӯи имтиёз мақоми аввалро гирифт.

Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтаринҳои Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот- 2014
/Дар мавриди баробар будани имтиёзҳо дастаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ ҷобаҷо шудаанд)

Мардон:
1. Чин – 19
2. Маҷористон – 17
3. Ҳиндустон-17
4. Русия – 17
5. Озарбойҷон -17
6. Украина -16
7. Куба -16
8. Арманистон -16
9. Исроил -16
10. Испания -16
11. Беларус -16

Занон:
1. Русия – 20
2. Чин – 18
3. Украина – 18
4. Гурҷистон – 17
5. Арманистон- 17
6. Қазоқистон- 17
7. Лаҳистон -16
8. ИМА -16
9. Олмон -16
10. Ҳиндустон -15

Олимпиадаи 42-юми ҷаҳонии шоҳмот соли 2016 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG