Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА аз тасмими истеъфои Нурӣ ал-Моликӣ


ИМА аз тасмими нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ барои истеъфо ситоиш кард ва онро гоми муҳим дар роҳи муттаҳидсозии кишвар номид. Сюзан Райс, мушовири раисиҷумҳури ИМА дар умури амнияти миллӣ рӯзи ҷумъа гуфт, Вошингтон ба Моликӣ машварат додааст, ки аз номзадии нахуствазири оянда Ҳайдар Ибодӣ пуштибонӣ кунад.

Нурӣ ал-Моликӣ субҳи рӯзи ҷумъа, 15 август, дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони миллӣ изҳор намуд, ки номзадияш ба мақоми нахуствазирро ба фойидаи Ибодӣ бозпас мегирад.

Фуад Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ, рӯзи 11 август аз муовини раиси парлумон Ҳайдар Ибодӣ хост, ки ҳукумати навро таъсис кунад. Ҳайдар Ибодӣ барои пешниҳоди ҳайати нави ҳукумат ба парлумони Ироқ як моҳ вақт дорад.

Аммо Нурӣ ал-Моликӣ он вақт таъини Ибодиро хилофи Қонуни асосии Ироқ номид ва эълом дошт, ки раисиҷумҳурро барои нақзи Қонуни асосӣ ба додгоҳ мекашад. Бар пояи хабарҳои ахир, ӯ рӯзи ҷумъа аз шикояташ аз болои раисиҷумҳур ҳам сарфи назар кард.

Нурӣ ал-Моликии 64 сола аз соли 2006 курсии нахуствазирро ишғол мекард ва моҳҳои ахир дар равған рехтан ба оташи низоъҳои қавмиву мазҳабӣ дар кишвар айбдор мешавад. Мунаққидони ӯ мегӯянд, ки Моликӣ бо сиёсати тангназаронаи худ ва ташкили кобинаи иборат фақат аз шиаҳову ба долонҳои ҳукумат роҳ надодани сунниҳову курдҳо ва беэътиноӣ ба манфиатҳои мардуми ғайришиа бӯҳрони сиёсии Ироқро амиқтар кард.

Охири моҳи июн Моликӣ аз ташкили ҳукумати изтирории иборат аз ҳама қавму мазҳабҳои Ироқ ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи амиқрафти бӯҳрону муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” сарпечӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG