Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел мавзӯи интиқоли силоҳ ба курдҳои Ироқро баррасӣ мекунад


Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар мулоқоте дар Брюссел мавзӯи интиқоли силоҳ ба курдҳои Ироқ ба хотири муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломи”-ро баррасӣ мекунанд.

Дар ин нишаст талошҳое барои розӣ кардани ҳама кишварҳои Иттиҳодия ба мусаллаҳсозии нерӯҳои Пешмаргаи курдҳо сурат мегиранд. То имрӯз фақат Фаронса омодагии худ барои ироаи силоҳро эълом дошта, Бритониё низ гуфтааст, ки шояд аз ин иқдом кор бигирад. Олмон изҳор намуд, ки омодааст ба Ироқ зиреҳпӯш ва васоили дифоъро дар ихтиёри ироқиҳо гузорад.

Қарор аст, ки дар нишасти Брюссел вазирони умури хориҷии дасти кам 20 кишвари узв ширкат кунанд.

Ин ҳафта комиссиюни Аврупо эълом дошт, ки ироаи кӯмаки башарӣ ба Ироқро то 17 миллион евро (муодили 22 миллион доллар) боло барад.

Қарор аст, ки дар Брюссел ҳамчунин авзоъ дар Украинаву навори Ғазза ва чораҳои ҷилавгирӣ аз маризии Эбола баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG