Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ситезаҷӯён ба ду пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Покистон


Афроди мусаллаҳи ношинос шоми панҷшанбе ба ду пойгоҳи нерӯҳои ҳавоӣ дар ҷанубу ғарби Покистон ҳамла карданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар задухӯрд бо полис дасти кам 8 нафар аз ҳамлагарон, ки бо силоҳи оташфишор ва норинҷаку камарбанд бо маводи тарканда мусаллаҳ буданд, кушта шуданд. Дар ин задухӯрд ҳафт тан аз кормандони полис ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Сокинони маҳаллӣ низ дар бораи таркишу тирандозӣ дар пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Покистон дар Самунглӣ ва дар пойгоҳи низомии Холида дар шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистон, хабар доданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Моҳҳои ахир фурудгоҳҳои Покистон чанд бор мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ҳамла ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Карочӣ дар моҳи июни соли равон 30 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷунбиши Таҳрики Толибон ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистон худро масъули ҳамла эълон карда буданд.

XS
SM
MD
LG