Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи Нанҷинг 8 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд


Тоҷикистонро дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ рақобат хоҳад кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатуллоҳ Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни то 81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, мураббиёни онҳо -Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирпарронӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) дохиланд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо раҳбарии Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии кишвар, рӯзи 14-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Нанҷинг ба Чин расид.

Гуфтугӯ бо Носир Бозоров
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим

Ба иттилои ҷаноби Бозоров ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад. Вай афзуд, “дар Деҳаи олимпӣ Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 203 кишвари дигар барафрохта шудааст. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон-2014 дар Варзишгоҳи олимпии Нанҷинг 16 –уми август соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 17:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Дар ин маросим Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон, парчамбардори Тоҷикистон мебошад.”

Ҷадвали ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Нанҷинг -2014:

Ҷаъфар Шерматов - тирпарронӣ - 17-20 август

Карина Климик - шиноварӣ - 17-22 август
Аниса Замирова – камонварӣ - 22-26 август
Меҳрангез Назарова – варзиши сабук (3000 м) - 20-26 август
Фирӯз Ёқубов , Тоҳирҷон Охонов, Равзатуллоҳ Исоев – гуштии варзишӣ - 24-27 август
Фаррухи Салим - дзюдо - 25-27 август

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинги Чин ширкати ҳудуди 3800 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Нанҷинг пойтахти устони Чёнгсу ва шаҳри бисёр боаҳамият дар таърих ва фарҳанги Чин аст. Нанҷинг дар давраҳои мухталифи таърихӣ пойтахти Чин будааст ва ба унвони яке аз чаҳор пойтахти бостонии бузурги Чин шумурда мешавад. Ин шаҳр дар минтақаи иқтисодии соҳили рӯди Янгтиса бунёд ёфтааст ва ҳамеша яке аз муҳимтарин шаҳрҳои Чин будааст. Дар тӯли таърих ба унвони яке аз марокизи миллии таҳсилот, таҳқиқ ва нақлиёт эътироф шудааст.

Дар минтақаи Чини Шарқӣ ин шаҳр аз лиҳози марказияти тиҷорӣ дувум аст ва танҳо Шанхай аз он болотар аст. Маҷмуан беш аз 8 миллион нафар дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд ва 4598 километри мураббаъ масоҳат дорад. Ин шаҳри бостонии Чин аз 16-ум то 24-уми августи соли 2013 макони Бозиҳои дувуми осиёии наврасон гардида буд. Мардуми меҳмоннавози Чин ҳайатҳои варзишии 45 кишварро гарму ҷӯшон истиқбол карда, барояшон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Дарвоқеъ, варзишгарони ҷавони тоҷик соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур низ ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

XS
SM
MD
LG