Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 15-уми август, давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ мешавад.

Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи ҷумъа бо бозӣ миёни дастаҳои «Энергетик” (Душанбе) ва “Равшан” (Кӯлоб) оғоз меёбад. Ин бозӣ соати 17 дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и Душанбе барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври 10-уми мусобиқа рӯзи шанбе, 16-уми август, байни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Хайр» (Ваҳдат) сурат мегирад.

Ду бозии охирини мусобиқа рӯзи якшанбе, 17-уми август, миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) баргузор мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

15-уми август, ҷумъа. Оғози бозӣ - соати 17:00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН»

Душанбе, варзишгоҳи «Спитамен» (собиқ «Спартак»).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

16-уми август, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17:00

ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«ХУҶАНД» - «ХАЙР»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

17-уми август, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» - «ВАХШ»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «РЕГАР-ТАДАЗ»

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

9

8

1

0

35-4

25

2

«Хайр» (Ваҳдат)

9

5

1

3

14-11

16

3

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

9

5

1

3

15-16

16

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

4

3

2

11-12

15

5

«Энергетик» (Душанбе)

9

4

2

3

11-8

14

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

3

3

3

14-12

12

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

9

3

3

3

8-8

12

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

9

2

1

6

3-11

7

9

«Равшан» (Кӯлоб)

9

2

0

7

11-29

6

10

ССКА «Помир» (Душанбе)

9

1

1

7

5-16

4


Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Илҳом БАРОТОВ («Парвоз») – 4 -тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ, Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарсе – «Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ, Умедҷон ШАРИФОВ (ҳарсе – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG