Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск истеъфо дод


Игор Стрелков

Игор Стрелков

Игор Стрелков, вазири дифои Ҷумҳурии мардумии Донетск аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба изҳороти узви Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Сергей Кавтарадзе ва сомонаи интернетии расмии ҷумҳурии худхонда иттилоъ доданд. Ҳамзамон Кавтарадзе хабарҳо дар бораи маҷрӯҳ шудани Игор Стрелковро рад кард.

Владимир Кононов муваққатан вазифаи вазири дифоъро иҷро хоҳад намуд. Сергей Кавтарадзе гуфтааст, ки номзадии Кононов бояд аз сӯи Шӯрои Олӣ тасдиқ шавад.

Аз ин пеш раҳбари ҷумҳурии худхондаи Луҳанск Валерий Болотов истеъфои худро тайид кард ва аммо гуфт, ки он мувааққатист ва баъд аз муолиҷаи ҷароҳати дар задухӯрдҳо бардоштааш фаъолияти сиёсияшро идома хоҳад дод. Вазифаи ӯро муваққатан вазири дифоъи ҷумҳурӣ Игор Плотнитский иҷро хоҳад кард.

Рӯзи 7 август нахуствазири Ҷумҳурии мардумии Донетск Александр Бородай аз мақомаш истеъфо дода буд.

XS
SM
MD
LG