Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Шаҳид аз Теҳрон хостори арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон шуд


Гузоришгари СММ дар умури Эрон аз Теҳрон хост, ки мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар дар кишварро ҳал кунад. Аҳмад Шаҳид, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Фардо гуфт, ки ҳадафи гузориши ӯ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон - беҳбудсозии ин вазъ ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Эрон аст.

Мақомоти Эрон ин гузоришро рад карда гуфтаанд, ки он бар пояи арзишҳои ғарбӣ таҳия шуда дар он аз фарҳанги исломӣ сарфи назар шудааст.

Моҳи июн Теҳрон аз СММ хоста буд, ки ин гузоришро бознигарӣ кунад. Аз ин пеш рӯзи 13 март гузориши СММ нашр шуда буд, ки дар он аз афзоиши ҳукуми эъдом, таъқибу фишори аққалиятҳои миллӣ ва мустақил набудани додгоҳҳои Эрон изҳори ниграонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG