Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия барои хатми хунрезӣ дар Украина талош мекунад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 14 август, дар мулоқот бо вакилони Думаи давлатӣ дар Қрим изҳор намуд, ки Маскав барои хатми хунрезӣ дар шарқи Украина аз ҳама чораҳо кор мегирад.

Ӯ ҳамчунин алайҳи инзивои Русия аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ изҳорот пахш кард. Ҳамзамон Владимр Путин таъкид намуд, ки Русия талошҳои болояш фишор оварданро таҳаммул намекунад. Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, ки Русия ба ҳамбастагӣ ниёз дорад ва аммо на ба хотири ҷангу мухолифат бо дигар кишварҳо.

Кишварҳои ғарбӣ баъд аз илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Маскав ва кӯмаки Кремл ба ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG