Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи афғон дастури куштори асиронро содир кард


Як раҳбари минтақавии нерӯҳои амниятии Афғонистон ба зердастонаш амр кардааст, ки ҷангҷӯёни дар макони даргирӣ боздоштшударо ҳадафи тир қарор диҳанд. Бар пояи қавонини байнулмилалӣ, бояд сарбозони асируфтода боздошт ва ба додгоҳ кашида шаванд.

Амонуллоҳ Амирхел, фармондеҳи нерӯҳои амниятии вилояти Бағлон, рӯзи панҷшанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ амри худ барои куштори мухолифинро бо он бастагӣ дод, ки афроди боздоштшуда баъд аз чанд моҳ бо сабабҳои машкук маҳбасро тарк мекунанд ва дубора ба сафи толибон мепайванданд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин гуна мусаллаҳони моҳи гузашта аз маҳбаси Бағлон озодшуда, боз ба ҷангҷӯёни толибон ҳамроҳ шуд ва аввалҳои моҳ дар рабудани ду корманди вазорати рушди кишоварзӣ ширкат дошт. Амирхел гуфт, дастури куштори асирон, ки хилофи Конвенсияи Женева оиди бархӯрд бо асирони низомист, тасмими шахсии ӯ мебошад.

Аввалҳои ин моҳ Абдул Раззоқ, раҳбари нерӯҳои амниятии Қандаҳор ҳам, ба зердастонаш ҳамин гуна амр дода буд.

XS
SM
MD
LG