Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби наҳзат ба интихобот омода мешавад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо оғози давраҳои омузишӣ ҷиҳати таҳкими таҷрибаҳои навини таблиғу ташвиқи интихоботӣ ба омодагӣ ба интихоботии порлумони соли 2015-ро шурӯъ кард. Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қароргоҳи ҳизб омӯзиши тренерҳои минтақавӣ оғоз шуд ва дар ин давраҳо намояндагони бахшҳои ҳизб дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, аз Ҷиргатол то ноҳияи Турсунзода ширкат доранд.

Вай гуфт, пас аз анҷоми давраи омузишӣ тренерҳо, ки масъулони бахшҳои ҳизбӣ ҳастанд, ба навоҳӣ мераванд ва таҷрибаи андухтаи худро ба аъзои ҳизб меомӯзонанд. Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, Ҳизби наҳзат сарфи назар аз бадномсозии ҳизб дар Фейсбуку телевизионҳои давлатӣ ба интихоботи порлумонии соли оянда омодагии ҷиддӣ хоҳад дид. Аз ин пеш Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз омодагиаш ба интихоботи Маҷлиси намояндагон дарак дод, вале Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки беш аз 80 дар сади курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад ҳануз хомуш аст. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG