Пайвандҳои дастрасӣ

Моликӣ курсии нахуствазириро сар намедиҳад


Нурӣ ал Моликӣ

Нурӣ ал Моликӣ

Нурӣ ал Моликӣ-кафили нахуствазири Ироқ мегӯяд, ки барои рафтан аз мақоми нахуствазирӣ танҳо ба тасмими додгоҳи федеролӣ итоат мекунад. Фуод Маъсум-раиси ҷумҳури Ироқ 11 август аз Ҳайдар Ибодӣ хост, ки кобинаи вазирони Ироқро ташкил диҳад. Вале 13 август Моликӣ таъйини Ибодиро нақзи қонун арзёбӣ кард ва гуфт, таъйини вай “эътибор надорад”.

Моликӣ дар як барномаи ҳафтаинаи телевизионӣ гуфт: “Ман таъйид мекунам, ки ҳукумат кори худро идома медиҳад ва бидуни ҳукми додгоҳ ҳукумате ҷои онро нахоҳад гирифт”.

Моликӣ аз соли 2006 то моҳи апрели соли ҷорӣ нахуствазир буд ва аз он ба баъд кафили мақоми нахуствазир аст. Вай барои таҳрики муноқишаҳои қавмӣ дар Ироқ муттаҳам дониста мешавад.

Моликӣ ба дархости сунниҳо, курдҳо ва шиаҳои ҷонибдори худаш дар бораи истеъфо аз мақом гӯш надод.

XS
SM
MD
LG