Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди ҳушдори Киев корвони Путин ба марз наздик мешавад


Бо вуҷуди ҳушдори Киев корвони 300 мошини кӯмакҳои Русия ба марзи Украина наздик мешавад. Киев мегӯяд, ки ин корвонро ба қаламрави кишвараш иҷоза нахоҳад дод.

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина 13 август ин рафтори Русияро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, ки Украина кӯмакҳои башариро танҳо аз Кумитаи байналмилллалии Салиби Сурх хоҳад гирифт.

Арсен Аваков-вазири дохилаи Украина дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки ҳеҷ гуна корвони кӯмакҳои Путин тавассути қаламрави Харков қобили қабул нахоҳад буд.

Русия мегӯяд, ки роҳи ҳаракати корвон бо Киев ҳамоҳанг шудааст ва ҳар гоҳ, ки корвон аз марз вориди Украина шуд, зери назорати Кумитаи байналмилллалии Салиби Сурх ҳаракат хоҳад кард.

Мақомоти расмии Украина ва кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Русия ба баҳонаи кӯмакҳои башардӯстона ба шарқи Украина нируҳои худро ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG