Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёдони қирғизро ба ватанашон баргардонданд


Мақомоти қудратии Тоҷикистон ду шикорчии қирғизро, ки рӯзи 9 август, дар ноҳияи Ҷиргатол боздошт шуданд, ба ҳамкоронашон дар Қирғизистон супурдаанд. Дар дафтари матбуоти Сарраёсати сарҳадбонии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Бекмирзо Матирзаев ва Долтабой Гаимовро, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд, ҳамин рӯз ба марзбонони Қирзистон таслим кардаанд. Чаҳор рӯз пеш бар асари даргирии ин сайёдон ва марзбонони тоҷик дар ноҳияи марзии Ҷиргатол як шикорчии дигари қирғиз кушта шуд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар он рӯз сайёдони қирғиз дар ҷангалистони Тупакул як хирсро шикор мекунанд ва дар ин зимн сарҳадбонони тоҷик омада ба он ҳушдор медиҳанд. Ба қавли мақомот, сайёдони қирғиз ба амри марзбонон итоат намекунанд ва ба самти онҳо тир меандозанд, вале яке аз онҳо аз тири ҷавобии марзбонони тоҷик кушта мешавад. Сараёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки таҳқиқи ин ҳодиса аз тарафи мақомоти интизомии ҳарду кишвар идома дорад.

XS
SM
MD
LG