Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарманди афсонавии синамо ва театр даргузашт


Лорен Бекол

Лорен Бекол

Лорен Бекол-ҳунарманди афсонавии синамо ва театри Амрико аз Ҳолливуд дар шаҳри Нию Йорк дар 89 солагӣ даргузашт. Бекол дар соли 1944 як ҷо бо Ҳамфри Богарт дар филми "To Have and Have Not" ё “Бояд дошт ё надошт” нақш офарид ва соҳиби шӯҳрати ҷаҳонӣ шуд. Он вақт Лорен 18 сола буд. Баъд аз як сол вай бо Богарт арӯсӣ кард.

Онҳо як ҷо 12 сол зиндагӣ карданд ва дар се филми дигар «Ки-Ларго», «Хоби тӯлонӣ» ва «Хати сиёҳ» бо ҳам нақш офариданд. Ҳамзамон Лорен бо Франк Синатра дӯстӣ дошт ва баъдтар бо ҳунарманд Ҷейсон Робардз оиладор шуд.

Лорен бо ситораҳои синамои ҷаҳонӣ Грегори Пек, Мэрилин Монро, Барбара Стрейзанд, Гари Купер, Кирк Дуглас ва соири ситораҳои Ҳолливуд дар филмҳо нақш бозӣ кардааст.

Хонаводаи Беколҳо мегӯянд, ки Лорен аз сактаи қалб даргузаштааст. Вай барои рушди синамо ҷоизаи Оскар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG