Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар фикри кӯмакҳои фаврӣ ба язидҳои Ироқ аст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керри-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Вашингтон мехоҳад даҳҳо ҳазор нафарро, ки дар кӯҳистонҳои шимоли Ироқ дар шароити бисёр бади инсонӣ мондаанд, ба минтақаи дигар кӯч диҳад. Ҷон Керрӣ 13 август гуфт, ҳоло мақомот ба таври фаврӣ вазъро меомӯзанд, то ақалиятҳои язид ва масеҳиёнро наҷот диҳанд. Онҳо баъд аз ҳамлаи тундравҳои исломӣ ба кӯҳистонҳои Синҷар фирор кардаанд.

СММ ҳушдор додааст, ки аз 20 то 30 ҳазор нафар то ҳол дар ин кӯҳистонҳо паноҳ мебаранд ва дар давоми рӯз ё дар зарфи чанд соат мумкин аст талаф ёбанд ё ба қатли ом дучор шаванд.

Як чархбол, ки дар кӯҳҳои Синҷар аз ҳаво ба замин кӯмакҳои башардӯстона партоб мекард, ба садама дучор шуд ва суқут кард. Дар ин ҳодиса халабон кушта, муовини раиси порламони Ироқ ва як хабарнигори рӯзномаи "New York Times" ҷароҳат бардоштаанд.

Аз сӯи дигар, мақомоти Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳимояти худро аз Ҳайдар Абадӣ, ки номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод шудааст, изҳор доштаанд ва фишор ба Нурӣ ал Моликиро бештар мекунанд, то аз мақоми худ канор равад.

XS
SM
MD
LG