Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъмурони милиса хабарнигорро ба додгоҳ кашиданд (ВИДЕО)


Акс аз саҳифаи хусусии хабарнигор дар шабакаи Фейсбук гирифта шудааст.

Акс аз саҳифаи хусусии хабарнигор дар шабакаи Фейсбук гирифта шудааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд алайҳи хабарнигори «Тоҷнюс» Қамари Аҳрор парвандаи маъмурӣ боз карда, ба додгоҳ ирсол доштааст.

Қамари Аҳрор, хабарнигори «Тоҷнюс» рӯзи 13 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ӯро даъват намуда, аз боз шудани парванда алайҳаш тибқи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар доданд. Мақомоти милиса Қамари Аҳрорро ба "итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия" муттаҳам мекунанд. Тибқи ин ин модда гунаҳкорро метавонанд, аз 15 то 30 шабонарӯз ҳабс кунанд ва ё аз ӯ ҷарима ситонанд.

Вай гуфт, ки кормандони милиса Наим Аҳмадов ва Бахтиёр Сангинов, ки 6 август ӯро ҳангоми наворбардорӣ аз як мусобиқаи бокс зӯран ба милисахона Хуҷанд бурда буданд, аз додгоҳ хоҳиш кардаанд, ки шикояти онҳо қонеъ карда шавад: «Се рӯз қабл вақте, ки милисаҳо маро ба шӯъба даъват карданд, мо ҳамроҳ ба додгоҳи Хуҷанд омадем ва додрас Матлубхон Ҳабибуллоева бинобар серкорӣ баррасии парвандаи мазкурро ба ҳафтаи дигар гузошт.»

Хабарнигори тоҷик мегӯяд, айбномаи маъмурии шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷанд асоси воқеӣ надорад, зеро ба гуфтаи ӯ, дар вақти мусобиқаи бокс вай танҳо вазифаи касбии худро иҷро мекард, вале кормандони милиса ба зӯрӣ ӯро кашида ба милисахона бурданд.

Қамари Аҳрор гуфт, ки вақте Мавзуна Чориева бо ҳарифи узбакаш муҳориба дошт, вай ба назди ринг омада аз наздиктар мехостааст ба навор гирад, вале кормандони милиса, аз ҷумла Наим Аҳмадов монеи ӯ шуда, маҷбураш кардаанд, ки толорро тарк кунад. Қамар мегӯяд, ки вай хостааст, ки навори видеояшро ба охир расонад, вале кормандони милиса монеъ шуда ӯро боздошт карда ба зурӣ ба шӯъбаи умури дохилӣ бурданд ва пас аз навиштани протокол ва гирифтани баёнот, раҳояш карданд.

Ба дунболи ин ҳодиса Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ гуфт, ба Додситонии Хуҷанд дар нисбати кормандони Раёсати умури дохилӣ барои боздошт ва зӯран ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдани хабарнигори "Тоҷнюс" ҳангоми гирифтани навори видеоӣ аз як мусобиқаи байналмилалии бокс, аризаи шикоятӣ хоҳад бурд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG