Пайвандҳои дастрасӣ

Марҷонаи 14-сола дар Кулоб нопадид шудааст


Марҷонаи Сангинмад ба гуфтаи падараш духтари обидае буд, ки 5 вақт намозашро тарк намекард.

Марҷонаи Сангинмад ба гуфтаи падараш духтари обидае буд, ки 5 вақт намозашро тарк намекард.

Дар шаҳри Кулоб, як духтари 14-сола бенишон шудааст ва хешовандонаш мегӯянд, бо гузашти як рӯз аз ғайб заданаш, ҳеҷ иттилое дар бораи ин азизашон надоранд. Парвиз Абдуллоев, тағои Марҷонаи Сангинмад рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Марҷона рӯзи 11-уми август тақрибан соати 13:10 аз хонаи бибиаш дар кӯчаи Базарная берун омада ва ба хонаи худашон кӯчаи Хати роҳ (фурудгоҳи кӯҳна) дар Кулоб раҳсипор шудааст, вале то ҳол бедарак аст. Парвиз Абдуллоев, гуфт, ки Марҷона духтари ҳушёр аст ва аз хонаи худашон ба хонаи бибиаш, ки байни ҳам фосилаи зиёд надорад ва тақрибан 4 километр аст, рафтуомад мекард. Аксар вақт бо кирокашҳо ба хонаашон мерафт ва агар пиёда ҳам мерафт, роҳро хуб медонист ва гум намекард. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки онҳо ба мақомоти умури дохилии ноҳияи Кулоб муроҷиат кардаанд ва маъмурони милиса омада, баёнот гирифта ва ба ҷустуҷӯи Марҷона шурӯъ кардаанд. Парвиз Раҷабов, хоҳиш кард, ҳар касе, ки Марҷонаро дида бошад, ба ин шумораҳо занг бизанад:

918639912, 988562855, 985976153, 915415271,915346551

XS
SM
MD
LG