Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Керрӣ аз номзадии Ҳайдар Ибодӣ пуштибонӣ карданд


Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи сешанбе, 12 август, хостори он шуд, ки Ҳайдар Ибодӣ дар Ироқ ҳарчӣ зудтар ҳукумати нави фарогир ва дорои қудрат барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ташкил кунад. Аз иеш пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ҳам, аз пешниҳоди Ҳайдар Ибодӣ ба мақоми нахуствазири Ироқ истиқбол кард ва онро “гоми муҳими рӯ ба пеш дар ростои ташкили давлати ҷадид Ироқ” номида буд, давлате, ки “метавонад ҷомеъаи Ироқи мувоҷеҳ ба низои қавмиро муттаҳид кунад”.

Ба гузориши Рейтер, Барак Обама дар тамоси телефонӣ бо Ҳайдар Ибодӣ аз ӯ хостааст, то ҳарчӣ сареътар барои ташкили як кобинаи фарогир иқдом кунад.

Фуад Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ, рӯзи 11 август аз муовини раиси парлумон Ҳайдар Ибодӣ хост, ки ҳукумати навро таъсис кунад. Номзадии Ибодӣ ба мақоми нахуствазир аз сӯи эътилофи ҳизбҳои шиа – Эътилофи миллии Ироқ пешбарӣ шудааст. Ҳайдар Ибодӣ акнун барои пешниҳоди ҳайати нави ҳукумат ба парлумони Ироқ як моҳ вақт дорад.

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири феълии Ироқ, тасмими раисиҷумҳурро мухолифи Қонуни асосии кишвар номид. Фуад Маъсум дар ҳоле ба Ибодӣ пешниҳоди таъсиси кобинаи навро кард, ки рӯзи душанбе Додгоҳи Олии Ироқ ҳаққи Нурӣ ал-Моликӣ барои ташкили ҳукумати навро таъид намуд, зеро эътилофи ӯ “Давлати қонун” дар интихоботи парлумонии моҳи апрел бештари мандатҳоро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG