Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ба корвони Русия иҷозаи вуруд ба Украинаро намедиҳад


Мақомоти Украина ба корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ аз Русияро иҷозаи убур аз марзи кишварро нахоҳанд дод. Намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко, рӯзи 12 август гуфт, ки молу амволи корвон фақат баъд аз тафтиши Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ҳаққи вуруд ба Украинаро пайдо мекунанд. Валерий Чалий, муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Украина, рӯзи сешанбе гуфт, ки дар марз ҳама бори башардӯстона аз корвони русӣ ба мошинҳои Салиби Сурх интиқол меёбад. Ӯ афзуд, ки Киев ба кормандони полиси Русия иҷозаи ҳамроҳи корвон ба Украина ворид шуданро намедиҳад.

Аз ин пеш раисиҷумҳури собиқи Украина Леонид Кучма изҳор намуд, ки корвони мошинҳо бо кӯмаки башарии Русия марзро аз гузаргоҳи гумрукӣ дар вилояти Харков убур мекунад.

Рӯзи сешанбе аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ сӯи шарқи Украина роҳ гирифт. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, ин корвон ба мардуми вилояти Луҳанск маводи озуқа, дорувор, бистари хоб ва генераторҳои барқӣ мебарад.

Дар Луҳанск бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор 250 ҳазор нафар ду ҳафта боз аз оби поку нерӯи барқ маҳрум мондаанд. Мағозаву дорухонаҳо кор намекунанд, робитаи телефонӣ қатъ шудааст. Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина изҳор намуд, ки ба ироаи кӯмаки башарӣ ба мардуми Луҳанск зид нест, аммо ба шарте, ки ин кӯмак таҳти сарпарастии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG