Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Саркӯбсозии эътироз дар Қоҳира ҷинояти сангин буд


Ҳалокати садҳо нафар дар амалиёти саркӯбсозии эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои амниятии Миср дар як соли пеш метавонад чун “ҷиноят алайҳи башарият” арзёбӣ шавад.

Дар гузориши нави созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, омадааст, 14 августи соли 2013 ҳангоми парокандасозии қароргоҳи раисиҷумҳури барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар канори масҷиди Рабеъ-ул-Адавия, воқеъ дар шарқи Қоҳира, тақрибан ҳазор нафар ҷон бохтанд. Дар гузориш гап аз намоишҳои эътирозии ҷонибдорони Мурсӣ дар моҳҳои июл-августи соли гузашта меравад, ки онҳо аз сӯи нерӯҳои таҳти фармони собиқ вазири дифоъ ва раисиҷумҳури феълии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ саркӯб шуданд.

Мақомоти Миср далелҳои Нuman Rights Watch-ро рад карданд ва гузориши ахири созмонро “хурдагирӣ” номиданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Миср рӯзи 11 август ба гурӯҳи кормандони Human Rights Watch иҷозаи вуруд ба кишварро надоданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башарро, ки мехостанд гузориши худро дар нишасти хабарие дар Қоҳира муаррифӣ кунанд, баъд аз 12 соати нигаҳдорӣ дар фурудгоҳи пойтахт аз кишвар хориҷ карданд.

XS
SM
MD
LG