Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Энергетик» ғолиби мусобиқаи ёдбуди Мирзо Мамадҷонов шуд


Дастаи «Энергетик»-и Душанбе барандаи мусобиқаи футболбозони наврас ба хотираи Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, гардид.

Нахустин мусобиқаи футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2002-2004 ба хотираи Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо пирӯзии дастаи «Энергетик»-и Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқа бо ширкати ҳашт даста дар майдонҳои футболи хурди Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи пойтахти кишвар – «Энергетик” ва “Авиатор” рақобат карданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра кори футболбозони «Энергетик” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4-3 ғалаба карданд.

Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаи «Қаҳрамон»-и ноҳияи Ҳисор бар «Динамо»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 6-5 пирӯз шуд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби 2-2 хотима ёфт.

Ба дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, инчунин, бозигарони беҳтарини мусобиқа ҷоизаҳои федератсияи футболи шаҳри Душанбе супурда шуд. Ҷоизаҳоро, инчунин, Шӯҳрат Мамадҷонов, писари зиндаёд Мирзо Мамадҷонов, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе ва мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба футболбозони наврас тақдим кард.

Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми ноябри соли 2013 дар синни 69-солагӣ баъди беморӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.

Мирзо Мамадҷонов 10-уми декабри соли 1943 дар ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай ҳамчун бозигар, мураббӣ, довар ва раҳбар тамоми ҳаёти худро ба рушди футбол бахшидааст. Дар дастаҳои мухталифи кишвар муваффақона бозӣ кардааст.

Вай дар замони шӯравӣ бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии СССР-ро доварӣ мекард. Ӯ ба унвони баланди “Довари дараҷаи умумииттифоқӣ” ва баъдан “Довари дараҷаи байналмилалӣ” мушарраф шудааст. Мирзо Мамадҷонов ба ҳайси мураббӣ низ дастаҳои мухталифи Тоҷикистону Узбакистонро машқ дода, шогирдони зиёд тарбия кардааст. Ӯ ба унвони фахрии “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” сазовор гаштааст.

Мирзо Мамадҷонов, инчунин, барои хидматҳои арзандааш дар рушди варзиш, бахусус, футбол дар кишвар бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст.

Бо ибтикори ӯ соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки Мирзо Мамадҷонов аввалин раиси он буд. Бо талошҳои зиёди ӯ ФФТ соли 1994 узви AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол узви FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) гардидааст. Вай то моҳи майи соли 1995 раиси ФФТ, баъдан то соли 2012 муовини раиси ФФТ буд.

Писараш Шӯҳрат Мамадҷонов дар ҳайати дастаи “Помир”-и Душанбе, тимҳои мухталифи Узбакистон ва кишварҳои дигар, инчунин, дастаи мунтахаби олимпии СССР бозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG