Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли нома табрикӣ унвони Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ӯро ба муносибати пирӯз гардиданаш дар интихоботи президентии Туркия табрик гуфтааст. Дар паёми табрикӣ аз ҷумла омадааст, ки «Ҷаноби Олӣ, Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия самимона табрику таҳният намоям. Итминон дорам, ки дар ин маснади олӣ Шумо чун кафили сулху субот ва инкишофи иқтисодии кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард."

Оқои Раҳмон дар ин нома аз сатҳи ҳамкорӣ ва равобити Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, онро баланд арзёбӣ кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишвараш омодаи тавсеаи ҳамкориҳо дар соири арсаҳо бо Туркия мебошад.

Дар поёни ин паём омадааст, ки «бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Туркия пешрафт ва шукуфоӣ, ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам.»

Рӯзи якшанбеи 10 август дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ба даст овардани ҳудуди 52 дарсади орои интихобкунандагон, аз миёни се номзад баранда эълон шуд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз соли 2003 ба ин тараф дар симати нахуствазири Туркия ифои вазифа намудааст. Қарор аст ӯ дар таърихи 28 август савганди президентӣ ёд намояд ва расман ба фаъолияти худ дар ин мақом шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG