Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Суқути Боинг-777 бояд ҳамаҷониба тафтиш шавад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, изҳори умедворӣ кард, ки Русия ва Украина дар ҳамдастӣ бо ҷомеъаи байнулмилалӣ метавонанд ба тафтиши қазияи суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина шурӯъ кунанд.

Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Сидней рӯзи 12 август хостори муҷозоти афроде шуд, ки дар суқути ҳавопаймо даст доранд. Ҷон Керрӣ афзуд, ки Амрико ба тафтиши ҳамаҷонибаи суқути ҳавопаймо даъват кардааст. “Дар аксҳо аз моҳвора аён аст, ки ҳангоми тирборони ҳавопаймо кадом навъи силоҳ истифода шудааст, яъне навъи мушак ва дар куҷо истеҳсол шудани он махфӣ нест”, гуфт сиёсатмадори амрикоӣ. Ҷон Керрӣ гуфт, тафтиши пурраи суқути ҳавопаймо барои “аз нигоҳи ҳуқуқӣ ташреҳ намудани ҳама гомҳо дар ин самт” зарур аст.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. Русия ва Украина ҳамдигарро дар даст доштан дар ин фоҷиа айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG