Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи Ҳолливуд Робин Вилямс худкушӣ кард


Ҷасади ситораи синамои Амрико Робин Вилямс дар манзилаш дар Калифорния ошкор шуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе Мара Баксбаум, намояндаи ин ҳунарманд, дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Робин Вилямси 63-сола худкушӣ кардааст, аммо хулосаи расмӣ дар бораи сабабҳои марги ӯ нашр нашудааст. Мара Баксбаум гуфтааст, ки Вилямс моҳҳои ахир аз афсурдагӣ азият мекашид. Ситораи синамо дар мусоҳибаҳояш мушкилоти худ, аз ҷумла, пойбандияш аз шаробу маводи мухаддирро пинҳон намекард.

Робин Вилямс барандаи “Оскар” ва чандин ҷоизаи дигар буд ва аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар филму сериалҳои мазҳакавӣ нақш мебозид. Ӯ дар садҳо филм нақш офаридааст, ки чанде аз онҳо, аз ҷумла, “Субҳ ба хайр, Виетнам”, “Уилл Ҳантинги боақл”, “Маскав дар Гудзон”, “Миссис Даутфайер” ва “Шаб дар осорхона” ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.

XS
SM
MD
LG