Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба Луҳанск корвон бо кӯмаки башариро фиристод


Аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ сӯи шарқи Украина роҳ гирифт. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, ин корвон барои мардуми вилояти Луҳанск маводи озуқа, дорувор, бистари хоб ва генераторҳои барқӣ мебарад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки макони убури “корвони башарӣ” дар марзи миёни ду кишвар бо Киев ҳамоҳанг шудаааст. Ба гуфтаи ӯ, ба мавзӯи интиқоли кӯмаки башарӣ вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, бидуни дахолати низомиён, машғул аст.

Ҷониби Украина, дар навбати худ, изҳор намуд, ки ягон корвон бо кӯмаки башариро аз Русия интизор нест, зеро дар таҳияи он кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ширкат надоранд. Дар ин бора дар саҳифааш дар Facebook муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Украина Валерий Чалий хабар дод ва ташреҳ кард, ки Русия фақат дар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қавонини Украина метавонад ба раванди ироаи кӯмакҳои башарӣ ҳамроҳ шавад.

Дар Луҳанск бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор 250 ҳазор нафар ду ҳафта боз аз оби поку нерӯи барқ маҳрум мондаанд. Мағозаву дорухонаҳо кор намекунанд, робитаи телефонӣ қатъ шудааст. Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина изҳор намуд, ки ба ироаи кӯмаки башарӣ ба мардуми Луҳанск зид нест, аммо ба шарте, ки ин кӯмак таҳти сарпарастии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG