Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти устоди ямании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Як устоди ямании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи гузашта бар асари фишори пасти хун дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Муҳаммад ал-Ҳубонии Яманӣ, маъруф ба муаллим Гобанӣ, ки солҳои зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдони факултаи шарқшиносӣ ва Муносибатҳои байналмилалӣ аз забони арабӣ дарс мегуфт, дунёи фониро падруд гуфт. Муҳаммад ал-Ҳубонии Яманӣ ба иловаи тадрис дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчунин солҳои зиёд тавассути бахши арабии Радиои кишвар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекард. Маросими ҷанозаи ин донишманд имрӯз, 12 август дар масҷиди Сариосиёи пойтахт бо ҳузури шогирдону дӯстони устоди фақиду ғариб, ки умри худро дар омӯзишу тарбия сипарӣ намуд, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG