Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилоот (амният) -и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шоми рӯзи душанбеи 11 август дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таваҷҷӯҳи бештар ба рушди ҳамкории амниятӣ ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар зоҳир шуд. Ба иттилои ин манбаъ, таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, ба хусус дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон нақши намоён дошта бошанд. Ҳамчунин ба таъкиди ин манбаъ, ҷонибҳо гуфтугӯи судбахш роҷеъ ба масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи ду кишвар анҷом доданд.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Хабаргузории расмии Тоҷикистон - "Ховар", Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "дидору музокирот бо раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дигар мадормоти тоҷик хуб ва созанда буд. Мо умедворем, иншоллоҳ бо самараи ин дидорамон аз кишвари Тоҷикистон заминаҳои созанда ва равобити ҳамкории ду кишвари дӯстро тақвият бахшем."

Гуфта мешавад, вазири иттилооти Эрон дар чаҳорчӯби сафари худ бо бархе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору мулоқотҳо анҷом додааст, ки ҳадафи аслӣ аз ин сафар, густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи амниятӣ будааст. Ин аст, ки гуфтаа мешавад, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккил ва дигар пайомадҳои номатлуб дар меҳвари ин дидорҳо будааст.

XS
SM
MD
LG